Умед Бобозода ва Татяна Москалкова қазияи дар вилояти Иркутск бо шаҳрвандони Тоҷикистон рухдодаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 декабр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия Татяна Николаевна Москалкова суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матубуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мавзӯи меҳварии гуфтугуи телефонии ҷонибҳо аз баррасии қазияе, ки 12 ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии ноҳияи Заларински вилояти Иркутски Федератсияи Русия рух дода, дар натиҷаи он 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кушта шуда, қисмати боқимонда ҷарроҳатҳои гуногун бардоштанд, иборат буд. Айни ҳол аз рўи маълумоти ба дастомада нисбат ба қазияи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишӣ идома доранд.
Умед Бобозода зимни суҳбат таваҷҷуҳи Татяна Москалковаро ба зарурати таҳқиқи фоҷиаи мазкур ҷалб намуда, дархост намуд, ки таъмини ҳамаҷонибаи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти назоарти бевоситаи худ қарор диҳад.
Зимнан ҳангоми суҳбат роҳбарони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон оид ба масъалаҳои ҷудогонаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандони кишварҳои якдигар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
АКС: хадамоти матбуоти ВҲИ ҶТ








Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид






