Умед Бобозода ва Татяна Москалкова қазияи дар вилояти Иркутск бо шаҳрвандони Тоҷикистон рухдодаро баррасӣ намуданд

Декабрь 24, 2021 15:40

ДУШАНБЕ, 24.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 декабр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия Татяна Николаевна Москалкова суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матубуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мавзӯи меҳварии гуфтугуи телефонии ҷонибҳо аз баррасии  қазияе, ки 12 ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии ноҳияи Заларински вилояти Иркутски Федератсияи  Русия рух дода, дар натиҷаи он 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кушта шуда, қисмати боқимонда ҷарроҳатҳои гуногун бардоштанд, иборат буд. Айни ҳол аз рўи маълумоти ба дастомада нисбат ба қазияи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишӣ идома доранд.

Умед Бобозода зимни суҳбат таваҷҷуҳи Татяна Москалковаро ба зарурати таҳқиқи фоҷиаи мазкур ҷалб намуда, дархост намуд, ки таъмини ҳамаҷонибаи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти назоарти бевоситаи худ қарор диҳад.

Зимнан ҳангоми суҳбат роҳбарони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон оид ба масъалаҳои ҷудогонаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандони кишварҳои якдигар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

АКС: хадамоти матбуоти ВҲИ ҶТ

Декабрь 24, 2021 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эҳтиёт бошед! Дар Тоҷикистон гармшавии беш аз 40 дараҷаи ҳаво дар назар аст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии гурезаҳо ҳамоиш доир гардид
МАВСИМИ ОББОЗӢ. Дар ин мавзуъ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд
«ҲУНАР ОМӮЗ…». Ғолибону ҷоизадорони даври ҷумҳуриявии озмун қадрдонӣ карда шуданд
Шуъбаҳои таваллудхона ва ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик навсозӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Тавассути он 60 зану ҷавондухтар аз оилаҳои ниёзманд соҳиби касб мешаванд
Дар шаҳри Гулистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бошукуҳ гузаронида шуд
«ҶОВИДОН БОД ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН!». Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар Муъминобод бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиш баргузор шуд
«КӮДАКОН ВА НАВРАСОН-САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар 13 кӯдакистони шаҳри Турсунзода барномаҳои идона доир шуд
КӮДАКОН-ОЯНДАИ МИЛЛАТ. Ва ё барои ҳар давлат насли солим зарур аст
Дар Швейтсария масоили интиқоли дониш ва технология барои беҳтар гардонидани пешгӯии обу ҳаво баррасӣ шуд