Вакилони Маҷлиси намояндагон бо мукофотҳои АБ ИДМ қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 22.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як зумра вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар кори Ассамблеяи Байнипарлумонӣ ва сохторҳои он, ҳамзамон саҳмгузорӣ дар мустаҳкам намудани дӯстии байни халқҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо нишони фахрии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ сарфароз гардонида шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ба як гурӯҳ вакилони мардумӣ, ки бо нишони фахрии АБ ИДМ сарфароз гардидаанд, мукофот супорид.
Аз ҷумла, раиси Комиссия оид ба одоби вакилон, узви Кумитаи МН МО ҶТ оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Файзулло Баротзода ва узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Зафар Файзуллозода бо нишони фахрии «Барои хизмат дар рушди соҳаи матбуот ва иттилоот» сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи хуқуқӣ, мудофиа ва амният Толибхон Азимзода ва узви кумитаи МН МО ҶТ оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Музаффарҷон Маҳмудзода бо нишони фахрии «Барои хизмат дар рушди фарҳанг ва санъат», узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидов ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Гавҳар Шарофзода бо нишони фахрии «Барои хизмат дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» қадрдонӣ гардиданд.
АКС: МН МО ҶТ













Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд






