Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд

Декабрь 27, 2021 15:40

ДУШАНБЕ, 27.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намоянлагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни баррасии масъалаи мазкур иброз карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод шудааст.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» 12 майи соли 2001 дар таҳрири нав қабул гардида, аз 7 боб ва 38 модда иборат мебошад. Ба Қонуни конститутсионии мазкур панҷ маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла, ду маротиба ба қисми сеюми моддаи 11 солҳои 2009 ва 2017.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии пешниҳодгардида бо мақсади мутобиқгардонии Қонуни конститутсионии мазкур ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва қонунгузории андоз таҳия гардидааст.

Мувофиқи лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулки узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва қонунгузории андоз ба роҳ монда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2021, барои баррасӣ ба Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ супорида шуда буд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур дар асоси таклифҳои пешниҳодшудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода шуд.

Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ карда, матни русии лоиҳа бо матни тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур ба боби панҷуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

АКС: МН МО ҶТ

Декабрь 27, 2021 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид