Вакилони Маҷлиси намояндагон Лоиҳаи қонун «Дар бораи захираҳои генетикӣ»-ро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 06.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» имрӯз зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иброз намуд, ки мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур муайян намудани асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолият дар соҳаи захираҳои генетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои истифодаи донишҳои анъанавии мардуми кишвар оид ба захираҳои генетикӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ, истифодаи самараноки гуногунии биологӣ барои истеҳсоли хӯрокворӣ ва пешбурди соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Зимни таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур муқаррароти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» «Дар бораи олами ҳайвонот» ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба инобат гирифта шудаанд.
Лоиҳа аз 5 боб ва 27 модда иборат мебошад.
Дар боби 1 моддаҳои 1-7 мафҳумҳо, доираи амали қонуни мазкур, объектҳои захираҳои генетикии ҳифзшаванда, принсипҳои истифода ва ҳифзи захираҳои генетикӣ, ҳуқуқи моликият ба онҳо, боби 2 (моддаҳои 8 -13) салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, Маркази миллии захираҳои генетикӣ, боби 3 (моддаҳои 14 — 21) дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ, донишҳои анъанавӣ оид ба онҳо ва тақсимоти фоида, таҳвилгарон ва истифодабарандагони намунаҳои захираҳои генетикӣ ва донишҳои анъанавӣ, маҳдудият, иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ, боби 4 (моддаҳои 22 – 24) дараҷаҳои коллексияҳо ва Феҳристи миллии захираҳои генетикӣ, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии намунаҳои онҳо, боби 5 (моддаҳои 25-27) муқаррароти хотимавӣ ифода ёфтаанд.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба талаботи моддаҳои 5, 12, 13 ва 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 40 – 43 ва 49-53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагӣ талаб наменамояд.
АКС: Маҷлиси намояндагон








Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд






