Вакилони Маҷлиси намояндагон Лоиҳаи қонун «Дар бораи захираҳои генетикӣ»-ро баррасӣ намуданд

Декабрь 6, 2021 13:59

ДУШАНБЕ, 06.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» имрӯз зимни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иброз намуд, ки мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур муайян намудани асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолият дар соҳаи захираҳои генетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои истифодаи донишҳои анъанавии мардуми кишвар оид ба захираҳои генетикӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ, истифодаи самараноки гуногунии биологӣ барои истеҳсоли хӯрокворӣ ва пешбурди соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Зимни таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур муқаррароти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» «Дар бораи олами ҳайвонот» ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба инобат гирифта шудаанд.

Лоиҳа аз 5 боб ва 27 модда иборат мебошад.

Дар боби 1 моддаҳои 1-7 мафҳумҳо, доираи амали қонуни мазкур, объектҳои захираҳои генетикии ҳифзшаванда, принсипҳои истифода ва ҳифзи захираҳои генетикӣ, ҳуқуқи моликият ба онҳо, боби 2 (моддаҳои 8 -13) салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, Маркази миллии захираҳои генетикӣ, боби 3 (моддаҳои 14 — 21) дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ, донишҳои анъанавӣ оид ба онҳо ва тақсимоти фоида, таҳвилгарон ва истифодабарандагони намунаҳои захираҳои генетикӣ ва донишҳои анъанавӣ, маҳдудият, иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ, боби 4 (моддаҳои 22 – 24) дараҷаҳои коллексияҳо ва Феҳристи миллии захираҳои генетикӣ, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии намунаҳои онҳо, боби 5 (моддаҳои 25-27) муқаррароти хотимавӣ ифода ёфтаанд.

Лоиҳаи Қонуни мазкур ба талаботи моддаҳои 5, 12, 13 ва 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 40 – 43 ва 49-53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагӣ талаб наменамояд.

АКС: Маҷлиси намояндагон  

Декабрь 6, 2021 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд