Нашриёти «Адиб» китоби нави шоир, шореҳи АМИТ «Ховар» Тағойназари Бақоро ба чоп расонид
ДУШАНБЕ, 28.01.2022./АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Адиб» китоби шоири ширинбаёни тоҷик, шореҳи бахши фарҳангии АМИТ «Ховар» Тағойназари Бақоро таҳти унвони «Пайки Пушинг» ба тозагӣ аз чоп баровард. Китоб бо теъдоди 1000 адад ба табъ расида, дар он шеъру сурудҳо, қитъаҳо ва рубоию дубайтиҳои шоир ҷой дода шудаанд.
Дар шеърҳои эҷоднамудаи шоир зебоиҳои нотакрори табиати диёр, тарғиби ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, меҳру муҳаббат, дӯст доштани зиндагӣ ва дигар фазилатҳои неку ҳамидаи инсонӣ таҷассум гардидаанд.
Шоир дар эҷоди шеър сабку услуби хоси худро дошта, чопи китоби наваш таҳти унвони «Пайки Пушинг» пайки шоирона ба дӯстдорони шеъру адаб мегардад.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад






