Нашриёти «Адиб» китоби нави шоир, шореҳи АМИТ «Ховар» Тағойназари Бақоро ба чоп расонид

Январь 28, 2022 15:58

ДУШАНБЕ, 28.01.2022./АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Адиб» китоби шоири ширинбаёни тоҷик,  шореҳи бахши фарҳангии АМИТ «Ховар» Тағойназари Бақоро таҳти унвони «Пайки Пушинг» ба тозагӣ аз чоп баровард. Китоб бо теъдоди 1000  адад ба табъ расида, дар он  шеъру сурудҳо, қитъаҳо ва рубоию дубайтиҳои шоир ҷой дода шудаанд.

Дар  шеърҳои  эҷоднамудаи шоир зебоиҳои нотакрори табиати диёр, тарғиби ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, меҳру муҳаббат, дӯст доштани зиндагӣ  ва дигар фазилатҳои неку ҳамидаи инсонӣ таҷассум гардидаанд.

Шоир дар эҷоди шеър сабку услуби хоси худро дошта, чопи китоби наваш таҳти унвони «Пайки Пушинг» пайки шоирона  ба дӯстдорони  шеъру адаб мегардад.

    АКС аз АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2022 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад