Зулфия Давлатзода: Коркарди номинаи «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» аз ҷониби мутахассисон ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Коркарди номинаи «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» аз ҷониби мутахассисони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар якҷоягӣ бо ходимони илмии Академии миллии илмҳои Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба анҷом расида, ба Феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иттилоъ дод.
Зимни нишаст зикр шуд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 7088 муассисаи фарҳангӣ, ба истиснои театрҳои касбӣ, муассисаҳои консертӣ, мамнӯъгоҳҳо, мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, сантъат ва муассисаҳои табъу нашр ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат зиёда аз 3000 ёдгориҳои таърихию фарҳангии дараҷаи ҷуҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Зулфия Давлатзода дар ҷараёни нишаст ба саволҳои рӯзноманигорон доир ба омода гардидани «Дастурамали либосҳои мардона», баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва рӯзҳои фарҳангии дигар давлатҳо дар Тоҷикистон, ки давоми соли равон тасдиқи худро меёбанд, посух дод.
Сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев зикр намуд, ки номинаи мазкур аз рӯйи чор критерия таҳия шуда, сипас пешниҳод гардид. Соли равон он мавриди баррасӣ қарор гирифта, соли 2023 дар назар аст, ки номинаи «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» ба Феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО номнавис гардад.
АКС аз АМИТ «Ховар»











Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






