Зулфия Давлатзода: Коркарди номинаи «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» аз ҷониби мутахассисон ҷараён дорад

Январь 31, 2022 11:53

ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Коркарди номинаи «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» аз ҷониби мутахассисони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар якҷоягӣ бо ходимони илмии Академии миллии илмҳои Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба анҷом расида, ба Феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иттилоъ дод.

Зимни нишаст зикр шуд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  7088 муассисаи фарҳангӣ, ба истиснои театрҳои касбӣ, муассисаҳои консертӣ, мамнӯъгоҳҳо, мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, сантъат ва муассисаҳои табъу нашр ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат зиёда аз 3000 ёдгориҳои таърихию фарҳангии дараҷаи ҷуҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Зулфия Давлатзода дар ҷараёни нишаст ба саволҳои рӯзноманигорон доир ба омода гардидани «Дастурамали либосҳои мардона», баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва рӯзҳои фарҳангии дигар давлатҳо дар Тоҷикистон, ки давоми соли равон тасдиқи худро меёбанд, посух дод.

Сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев зикр намуд, ки номинаи мазкур аз рӯйи чор критерия таҳия шуда, сипас пешниҳод гардид. Соли равон он мавриди баррасӣ қарор гирифта, соли 2023 дар назар аст, ки номинаи «Ҳулбук-пойтахти Хатлони қадим» ба Феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО номнавис гардад.

АКС аз АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2022 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст