83 нафар хатмкунандагони зинаи магистратураи хизматчиёни давлатӣ соҳиби диплом гардиданд

Январь 17, 2022 10:42

ДУШАНБЕ, 17.01.2022 / АМИТ «Ховар»/. 83 нафар хатмкунандагони зинаи магистратураи хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби диплом гардиданд.

Маросими тақдими дипломҳо 15 январ бо иштироки ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Оймаҳмадзода, Роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ (тариқи онлайн) Макс Герг Майер, устодону кормандон ва хатмкунандагон доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имрӯз дар кишвар зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олӣ ба омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун машғуланд. Миёни онҳо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи олист, ки ба омода кардани кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ машғул аст.

Мавриди зикр аст, ки магистратураи хизматчиёни давлатӣ соли 2009 дар доираи Созишномаи дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон аз рӯи ихтисоси идоракунии давлатӣ барои дастгирии хизматчиёни давлатӣ таъсис дода шудааст, ки ба он маҳз хизматчиёни давлатӣ аз тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд.

Давоми 11 соли фаъолият 987 нафар хизматчиёни давлатӣ дар зинаи магистратура таҳсил намуда, соҳиби дипломи магистрӣ гардиданд, ки аз инҳо 240 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар соли таҳсили 2021 76 нафар зинаи магистратураи хизматчиёни давлатиро хатм намуданд, ки аз ин шумора 20 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ

Январь 17, 2022 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад