Ҳаҷми тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон ба 500 миллион евро мерасад

Январь 14, 2022 11:03

ДУШАНБЕ, 14.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи созишнома миёни Эрон ва Тоҷикистон,  ҳаҷми табодули молии дуҷониба то 500 миллион евро афзоиш хоҳад ёфт, гуфт Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ (ДАР АКС) бо ишора ба ҳамкории дарозмуддати иқтисодии ду кишвар, хабар медиҳад агентии Trend бо ишора ба Iran.ru.

Низомиддин Зоҳидӣ дар конфронсе, ки дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанги Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатии Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд, оид ба дурнамои равобити ду кишвар сухан гуфт.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ иброз намуд, ки равобити дипломатии Эрон ва Тоҷикистон 160 санади ҳамкориро дар бар мегиранд.

Сафир бо ишора ба ҳадафҳои дарозмуддати ду кишвар дар заминаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ гуфт: «Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда миёни ду кишвар ҳаҷми табодули молии дуҷониба то ба 500 миллион евро афзоиш хоҳад ёфт».

«Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки узвияти доимии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба нафъи ҳамаи кишварҳо хоҳад буд», изҳор намуд сафир дар робита ба ҳимояти Душанбе аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 14, 2022 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд