Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба тақвияти рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон, занон ва шахсони маъюб доир шуд

Январь 12, 2022 09:35

ДУШАНБЕ, 12.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории доимамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд  баргузор гардид, хабар доданд аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, шарикони рушд ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ иштирок намуданд.

Аз ҷониби коршиносон муҳтавои таҳлил оид ба арзёбии заминавии рушди фаъолияти соҳибкории занон дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Зимни муаррифӣ вобаста ба заминаҳои фаъолияти соҳибкории занон, саҳми занону духтарон дар соҳаҳои гуногуни  иҷтимоии ҷомеа, муҳимияти фарогирии молиявӣ, дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ, баланд бардоштани малакаи андозсупории занону духтарон, муҳимияти такмили қонунгузорӣ дар самти мазкур ва тавсияҳои мушаххас ибрози назар карда шуд.

Муаррифнома доир ба ҷараёни иҷрои бандҳои нақшаи кории гурӯҳи корӣ дар соли 2021 пешниҳод шуд. Дар муаррифнома маълумоти мушаххас оид ба иҷрои бандҳои нақшаи корӣ, саҳми вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва ассотсиатсияи соҳибкорӣ дар татбиқи чораҳои зарурӣ бо мақсади дастгирии занону духтарон ва ҷавонон дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, баргузории якчанд  чорабиниҳо ҷиҳати тарғибу ташвиқи фаъолияти соҳибкории бонувон, дастовардҳо дар самтҳои кишоварзӣ, саноати сабук ва ғайра пешниҳод гардид.

 

АКС аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи ҶТ

Январь 12, 2022 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд