Ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯро) таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, бонкҳои давлатӣ ва намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар доданд аз Бонки миллӣ ба АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш ҷараёни иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи панҷуми Шӯро муҳокима гардида, гузориши масъулин оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати зиёд намудани ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, ба роҳ мондани баҳогузории рейтингии ташкилоти қарзии молиявӣ, инчунин дар самти танзим ва назорати ташкилоти ломбардӣ, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва иҷрои пурраи талаботи қонунгузории ҷорӣ аз ҷониби ин ташкилот оид ба суғуртакунонӣ шунида шуд.
Зикр гардид, ки новобаста аз барқароршавии суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳон, ҳанӯз ҳам номуайяниҳо ва муаммоҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва фазои иқтисодиёти ҷаҳон, аз қабили афзоиши талабот ва болоравии интизориҳои таваррумӣ, зиёдшавии хароҷот ва қарзи давлатӣ, таҳдид ба амнияти озуқаворӣ ва пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон мушоҳида мегарданд, ки метавонанд ба иқтисодиёти миллӣ таъсир гузоранд. Вобаста ба вазъи кунунӣ ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи вазорату идораҳои калидӣ ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои берунию дохилӣ ва мусоидат ба рушди устувору фарогири миллӣ ба маврид мебошад.
Дар ҷаласа аъзои Шӯро бо пешниҳоди рӯнамоиҳо оид ба таъмини устувории фискалӣ вобаста ба қабули кодекси нави андоз, фаъолияти бонкҳои давлатӣ, роҳҳои коҳишдиҳии хавфҳои эҳтимолӣ дар онҳо ва раванди қарздиҳӣ дар низоми бонкӣ муҳокимаронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки дар ин шароити мураккаби иқтисодию геосиёсӣ ва тағйирёбиҳои зиёди ҷаҳонӣ масъалаи баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ, пешбурди низоми содакардашудаи андозбандӣ, тақвият бахшидани низоми идоракунии хавфҳо, беҳтар намудани раванди қарздиҳӣ, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар бо дарназардошти идома бахшидани ислоҳот дар самтҳои пешгирифта муҳим ба ҳисоб рафта, муайян намудани маҳдудият ва амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас дар ин самт ба суръат бахшидани фаъолнокии бахшҳои соҳаҳои муҳими иқтисод мусоидат менамояд.
Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, муайян намудани хавфҳо ва минбаъд андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хавфҳо дар иқтисодиёт, низоми молияи давлатӣ, бонкӣ ва бахши хусусӣ (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.июни соли 2018) таъсис дода шудааст.
АКС аз Бонки миллии Тоҷикистон








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»






