«Амонатбонк» дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 16,5 миллион сомонӣ қарз пешниҳод намудааст

Январь 26, 2022 09:46

ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар иртибот ба  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 соли 2021 аз ҳисоби захираҳои худӣ ба 272 нафар 8,3 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд, ки нисбат ба соли 2020  60 фоиз зиёд мебошад. Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ, тайи солҳои 2019-2021 дар ин самт 16,5 миллион сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудаанд.

«Амонатбонк» саъй дорад, ки дар  татбиқи Солҳои рушди саноат (2022-2026), ки аз ҷониби Пешвои миллат зимни ироаи  Паёми навбатӣ ба Парлумони мамлакат эълон гардиданд, бо роҳи дастгирии соҳибкорони ватанӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз рӯи муҳлати пардохт ва фоизҳои қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ки омили муҳим дар рушди соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ корҳои назаррас ба анҷом расонад.

 АКС аз манбаъҳои боз

Январь 26, 2022 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд