Ба 136 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи Фархор қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд

Январь 28, 2022 10:22

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба 136 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Сурхоби Ҷамоати деҳоти Хутан қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 6 июни соли 2019 бо сабаби боридани борони шиддатнок ва омадани сел дар деҳаи Сурхоб 212 хоҷагӣ зарар дида буд.

Моҳи ноябри соли 2020 бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар канори деҳа, дар ҷойи бехавфу хатар барои хоҷагиҳое, ки хонаҳои истиқоматиашон пурра ва қисман зарар дида буданд, 25 хонаи истиқоматӣ бо тарҳи замонавӣ сохта, ба сокинони аз ин офат зарардида ва ниёзмандон  ткҳфа карда шуданд.

 АКС: Маркази матбуоти МИҲД-и Фархор

Январь 28, 2022 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид