БА 30-СОЛАГИИ БАРҚАРОР НАМУДАНИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТӢ БАХШИДА МЕШАВАД. Пагоҳ мулоқоти онлайнии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор мегардад

Январь 24, 2022 17:56

ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 25 январ, мулоқоти онлайнии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор мегардад, ки он ба 30-солагии барқарории равобити дипломатӣ миёни Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бахшида мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз шабакаи байналмилалии телевизионии CGTN бо истинод ба намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунйин гузориш дод.

Дар мулоқот Президенти ҶМЧ Си Ҷинпин, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ширкат меварзанд.

Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории мутақобиларо баррасӣ хоҳанд кард. Тайи 30 соли охир шурӯъ аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Чин ва Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон ҳаҷми муомилоти мол миёни Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 14 миллиард доллари амрикоӣ гузашта, беш аз 100 баробар афзоиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки, 20 январ намояндаи расмии ВКХ Чин Ван Вэнбин зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки роҳбарон ва сарони ҳукуматҳои бисёре аз кишварҳо барои ширкат дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин сабти ном шудаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» маълум шуд, дар миёни даъватшудагон президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Русия — Владимир Путин ва дигарон низ ҳастанд.

Ҳоло дар Чин охирин омодагиҳо ба Олимпиада идома доранд. 22 январ тамрини дуюми маросими ифтитоҳи Бозиҳо баргузор шуд. Интизор меравад, ки ҳайатҳои хориҷӣ ҳафтаи оянда вориди Чин гарданд. Ифтитоҳи расмии се деҳаи олимпӣ 27 январ сурат мегирад.

«Тибқи қоидаҳои олимпӣ, роҳбарони кишварҳо барои ширкат дар Бозиҳои олимпӣ бо даъвати Кумитаи олимпии кишвари худ дар системаи КБО сабти ном мешаванд. Дар ҳоли ҳозир, аллакай шумораи зиёди сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва аъзои оилаҳои шоҳон барои Олимпиадаи зимистонаи Пекин сабти ном шудаанд ва мо аз онҳо истиқбол мекунем», — гуфт чанде пеш намояндаи расмии ВКХ Чин Ван Вэнбин дар посух ба саволи кадоме аз роҳбаронро Чин ба Олимпиада даъват кардааст.

Чин кафолат медиҳад, ки Олимпиадаи Пекин тамошобоб ва ҳамзамон бехатар баргузор мешавад. Дар ин бора Президенти Чин Си Ҷинпин 17 январ дар мубоҳисаи виртуалии «Рӯзномаи Давос» изҳор дошт, хабар дода буд АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа».

Ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ қатъиян пуштибонӣ мекунад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» 12 январ дар Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо истинод ба раиси КДАМ ҶТ, генерал-полковник Саймумин Ятимов.

Зикр карда шуд, ки КДАМ ҶТ ҷиҳати рафъи таҳдидҳои эҳтимолӣ ҷиҳати таъмини амнияти ҳайати ҶТ, инчунин баргузории муваффақонаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин аз 4 то 20 феврали соли 2022 ва Бозиҳои параолимпӣ аз 4 то 13 март баргузор мешаванд. 31 июли соли 2015 дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Куала-Лумпур пойтахти Чин макони баргузории Бозиҳои олимпӣ ва параолимпӣ интихоб шуд. Пекин аввалин шаҳр дар ҷаҳон хоҳад буд, ки ҳам Бозиҳои тобистона (соли 2008) ва ҳам зимистонаи олимпиро мизбонӣ мекунад.

                 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Январь 24, 2022 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд