БА 30-СОЛАГИИ БАРҚАРОР НАМУДАНИ МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТӢ БАХШИДА МЕШАВАД. Пагоҳ мулоқоти онлайнии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор мегардад

Январь 24, 2022 17:56

ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 25 январ, мулоқоти онлайнии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор мегардад, ки он ба 30-солагии барқарории равобити дипломатӣ миёни Чин ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бахшида мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз шабакаи байналмилалии телевизионии CGTN бо истинод ба намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунйин гузориш дод.

Дар мулоқот Президенти ҶМЧ Си Ҷинпин, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ширкат меварзанд.

Дар гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкории мутақобиларо баррасӣ хоҳанд кард. Тайи 30 соли охир шурӯъ аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Чин ва Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон ҳаҷми муомилоти мол миёни Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 14 миллиард доллари амрикоӣ гузашта, беш аз 100 баробар афзоиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки, 20 январ намояндаи расмии ВКХ Чин Ван Вэнбин зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки роҳбарон ва сарони ҳукуматҳои бисёре аз кишварҳо барои ширкат дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин сабти ном шудаанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» маълум шуд, дар миёни даъватшудагон президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Русия — Владимир Путин ва дигарон низ ҳастанд.

Ҳоло дар Чин охирин омодагиҳо ба Олимпиада идома доранд. 22 январ тамрини дуюми маросими ифтитоҳи Бозиҳо баргузор шуд. Интизор меравад, ки ҳайатҳои хориҷӣ ҳафтаи оянда вориди Чин гарданд. Ифтитоҳи расмии се деҳаи олимпӣ 27 январ сурат мегирад.

«Тибқи қоидаҳои олимпӣ, роҳбарони кишварҳо барои ширкат дар Бозиҳои олимпӣ бо даъвати Кумитаи олимпии кишвари худ дар системаи КБО сабти ном мешаванд. Дар ҳоли ҳозир, аллакай шумораи зиёди сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва аъзои оилаҳои шоҳон барои Олимпиадаи зимистонаи Пекин сабти ном шудаанд ва мо аз онҳо истиқбол мекунем», — гуфт чанде пеш намояндаи расмии ВКХ Чин Ван Вэнбин дар посух ба саволи кадоме аз роҳбаронро Чин ба Олимпиада даъват кардааст.

Чин кафолат медиҳад, ки Олимпиадаи Пекин тамошобоб ва ҳамзамон бехатар баргузор мешавад. Дар ин бора Президенти Чин Си Ҷинпин 17 январ дар мубоҳисаи виртуалии «Рӯзномаи Давос» изҳор дошт, хабар дода буд АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа».

Ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ қатъиян пуштибонӣ мекунад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» 12 январ дар Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо истинод ба раиси КДАМ ҶТ, генерал-полковник Саймумин Ятимов.

Зикр карда шуд, ки КДАМ ҶТ ҷиҳати рафъи таҳдидҳои эҳтимолӣ ҷиҳати таъмини амнияти ҳайати ҶТ, инчунин баргузории муваффақонаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин аз 4 то 20 феврали соли 2022 ва Бозиҳои параолимпӣ аз 4 то 13 март баргузор мешаванд. 31 июли соли 2015 дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар Куала-Лумпур пойтахти Чин макони баргузории Бозиҳои олимпӣ ва параолимпӣ интихоб шуд. Пекин аввалин шаҳр дар ҷаҳон хоҳад буд, ки ҳам Бозиҳои тобистона (соли 2008) ва ҳам зимистонаи олимпиро мизбонӣ мекунад.

                 АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Январь 24, 2022 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкориро дар соҳаи геология ва захираҳои маъдан матраҳ намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Швейтсария бо мушовири калони сиёсии ташкилоти «Global Cities HUB» мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк нахустин вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об дар соли 2025 баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Агентии танзимкунандаи фаъолияти хайриявии Давлати Қатар мулоқот намуд
Дар Теҳрон иҷрои тавофуқоти дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Сафири Тоҷикистон мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Русия бо сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон мулоқот намуд
Дар Тошканд нишасти Шурои ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мушовири махсуси Сарвазири Ҷопон мулоқот намуд
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо раис ва мудири иҷроияи Ширкати захираҳои инсонии «ARCO» мулоқот намуд