Ба кормандони неругоҳҳои «Норак» ва «Бойғозӣ» Паёми Пешвои миллатро тавзеҳ доданд
НОРАК, 29.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, иборат аз вакилони шаҳрӣ, фаъолону аҳли адабу фарҳанг Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кормандони неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» — корхонаҳои стратегии ҷумҳурӣ шарҳу тавзеҳ доданд.
Зимни суҳбатҳо зикр гардид, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дипломатияи обию энергетикии Тоҷикистон ба муаррифии мусбати мамлакати мо равона шуда, аз ҷониби СММ ташаббуси Пешвои миллат — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабулу ҷонибдорӣ гардид. Бинобар ин, сиёсати хориҷии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба ҳифз ва татбиқи манфиатҳои миллӣ равона гардидааст.
Сармуҳандиси НБО-и «Норак» Маҳмадамин Маҳмадсаидзода изҳор дошт, ки «Паёми навбатӣ аз оғоз то анҷом ваҳдату ҳамгироиву ободкориҳои сокинони мамлакатро фарогир аст. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озодиву истиқлол «неъмати бузурги миллати куҳанбунёди тоҷик» баҳогузорӣ гардида, даъват барои ҳифзу нигаҳдошти он муҷиби пойдории ин сарзамину фарҳанг барои наслҳои минбаъда дониста мешавад.
Соли 2021 барои мо, энергетикон соли фараҳбахш буд, чунки дар ин сол миллати тоҷик бо заҳматҳои Сарвари бузургамон истиқлолияти энергетикӣ ба даст овард. Ҳамчунин хурсандиовар аст, ки бо ташаббуси махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои барқарорсозии НБО-и «Норак» оғоз гардиданд, ки айни замон муташакилона идома доранд».
Имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Норак гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинон шарҳу тафсир намуда истодаанд.
Мудири Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак Сарвиноз Саидмуродова мегӯяд, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон нисбат ба ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон дар сохторҳои давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Ин сиёсати Пешвои миллат оид ба дастгирии занон ва оила, пеш аз ҳама, ба оянда нигаронида шудааст. Зеро ҳар қадаре оила мустаҳкам бошад, он ба таври табиӣ барои аз байн бурдани падидаҳои номатлуб мусоидат мекунад. Бинобар ин, дастгирии давлатии занону баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа ва таъмини онҳо бо ҷойи кори доимю вазифаҳои роҳбарикунанда ба наслҳои минбаъда таъсири мусбат мерасонад».
Директори НБО-и «Бойғозӣ» Рустам Фозилов зикр намуд, ки “ҳар амалу иқдоме, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ менамоянд, баҳри рушду нумӯи мамлакат ва зиндагии шоистаи мардум, инчунин амалӣ гаштани ҳадафу ормонҳои сокинони сарбаланди он нигаронида шудааст. Бо ин мақсад ҳар шахси бофарҳангу бошуури ин диёрро зарур аст, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, баҳри пойдории сулҳу субот, пешравию тараққиёти ин сарзамини аҷдодӣ кӯшиш намояд. Эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) мардуми сарбаланди тоҷикро водор месозад, ки диққату таваҷҷуҳи хешро ба ин самт равона карда, сазовори зиндагии беҳтар ва шоиста бошанд”.
АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






