Ба кормандони неругоҳҳои «Норак» ва «Бойғозӣ» Паёми Пешвои миллатро тавзеҳ доданд

Январь 29, 2022 09:24

НОРАК, 29.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, иборат аз вакилони шаҳрӣ, фаъолону аҳли адабу фарҳанг Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кормандони неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» — корхонаҳои стратегии ҷумҳурӣ шарҳу тавзеҳ доданд.

Зимни суҳбатҳо зикр гардид, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дипломатияи обию энергетикии Тоҷикистон ба муаррифии мусбати мамлакати мо равона шуда, аз ҷониби СММ ташаббуси Пешвои миллат — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабулу ҷонибдорӣ гардид. Бинобар ин, сиёсати хориҷии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба ҳифз ва татбиқи манфиатҳои миллӣ равона гардидааст.

Сармуҳандиси НБО-и «Норак» Маҳмадамин Маҳмадсаидзода изҳор дошт, ки «Паёми навбатӣ  аз оғоз то анҷом ваҳдату ҳамгироиву ободкориҳои сокинони мамлакатро фарогир аст. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озодиву истиқлол «неъмати бузурги миллати куҳанбунёди тоҷик» баҳогузорӣ гардида, даъват барои ҳифзу нигаҳдошти он муҷиби пойдории ин сарзамину фарҳанг барои наслҳои минбаъда дониста мешавад.

Соли 2021 барои мо, энергетикон соли фараҳбахш буд, чунки дар ин сол миллати тоҷик бо заҳматҳои Сарвари бузургамон истиқлолияти энергетикӣ ба даст овард. Ҳамчунин хурсандиовар аст,  ки бо ташаббуси махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои барқарорсозии НБО-и «Норак» оғоз гардиданд, ки айни замон муташакилона идома доранд».

Имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Норак гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинон шарҳу тафсир намуда истодаанд.

Мудири Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак  Сарвиноз Саидмуродова мегӯяд, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон нисбат ба ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон дар сохторҳои давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.  Ин сиёсати Пешвои миллат оид ба дастгирии занон ва оила, пеш аз ҳама, ба оянда нигаронида шудааст. Зеро ҳар қадаре оила мустаҳкам бошад, он ба таври табиӣ барои аз байн бурдани падидаҳои номатлуб мусоидат мекунад. Бинобар ин, дастгирии давлатии занону баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа ва таъмини онҳо бо ҷойи кори доимю вазифаҳои роҳбарикунанда ба наслҳои минбаъда таъсири мусбат мерасонад».

Директори НБО-и «Бойғозӣ» Рустам Фозилов зикр намуд, ки “ҳар амалу иқдоме, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ менамоянд, баҳри рушду нумӯи мамлакат ва зиндагии шоистаи мардум, инчунин амалӣ гаштани ҳадафу ормонҳои сокинони сарбаланди он нигаронида шудааст. Бо ин мақсад ҳар шахси бофарҳангу бошуури ин диёрро зарур аст, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, баҳри пойдории сулҳу субот, пешравию тараққиёти ин сарзамини аҷдодӣ кӯшиш намояд. Эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) мардуми сарбаланди тоҷикро водор месозад, ки диққату таваҷҷуҳи хешро ба ин самт равона карда, сазовори зиндагии беҳтар ва шоиста бошанд”.

АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Январь 29, 2022 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад
Пагоҳ дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 64 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияи Шаҳринав дорандаи корти бонкӣ мебошанд
«Бисоз Life»: 2,5 маротиба бештар суҳбат намоед!
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вобаста ба таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши маърифатӣ-ҳуқуқӣ доир гардид
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамкориро бо Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ тақвият мебахшад
Пагоҳ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд