Ба масъулини соҳаи сохтмони шаҳри Душанбе нуктаҳои Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуданд
ДУШАНБЕ, 22.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳими расмӣ-барномавӣ ва муайянкунада буда, яке аз роҳҳои ифодаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дарбаргирандаи барномаи мукаммали тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мешавад». Чунин зикр намуд муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода дар вохӯрӣ бо масъулину кормандони соҳаи сохтмони шаҳр зимни тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳриДушанбе иттилоъ медиҳад.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе зикр намуд, ки Паёми Пешвои миллат барои ҳар шаҳрванд муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдорӣ мебошад. Зикр шуд, ки Пешвои миллат дар Паёми хеш тамоми самтҳои давлатдориро бори дигар таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳоро барои фаъолият дар соли ҷорӣ тарҳрезӣ намуданд.
Дар хотима аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ободии пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе саҳми муносиб гузоранд.
АКСҲО аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






