Ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷики дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Екатеринбург қарордошта кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси муовини аввали Раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Ёқуб Умаров барои ҳамватанони мо — муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар боздоштгоҳи муваққатии ин шаҳр қарор доранд, дасторхон ороста шуда, онҳоро бо оши палав зиёфат кард, хабар медиҳад рӯзноманигори тоҷик Талабшо Холиқзод дар саҳифаи худ дар «Фейсбук».
Аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ва дигар ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон дар ин кишвар ба ин ҳамватанони мо — муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳамчунин кумаки ҳуқуқӣ ва машваратӣ расонида мешавад.
«Чунин иқдомҳои инсондӯстона нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҷониби ҳамватанони мо, бахусус соҳибкорон, ки дар Федератсияи Русия имконоти зиёди расонидани кумакро доранд, пайваста роҳандозӣ мегарданд. Ин амали онҳо шоистаи таҳсин ва намунаи пайравист», — таъкид кардааст Талабшо Холиқзод.
Мавриди ёдоварист, ки Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 15 июни соли 2021 «Дар бораи чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)» 30 декабри соли 2021 ба анҷом расид. Соли 2022 будубоши шаҳрвандони хориҷие, ки ба ин қаламрав меоянд ё дар Федератсияи Русия (ФР) будубош ва ё фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил ва муваққатан зиндагӣ доранд, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Русия амалӣ гардонида мешавад.
Тавре масъули бахши матбуоти Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Каримҷон Салимзода ба АМИТ «Ховар» изҳор дошт, шаҳрвандоне, ки соли гузашта натавонистанд, ки дар доираи фармони мазкур будубоши худро расман дар қайди давлатӣ гузоранд ва ё натавонистанд барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бастаи ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд, бояд қаламрави Федератсияи Русияро тарк намоянд.
Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон -муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонем, ки Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират барои мусоидат дар ҳалли мушкилоти шаҳрвандони мо ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба онҳо моҳи декабри соли 2021 дар қаламрави Федератсияи Русия телефони бовариро роҳандозӣ намудааст. Мутахассисони соҳа тавассути рақами +7(495)9679844 вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ ва қонунгузории Федератсияи Русия пусух гардонида, ҳамзамон муроҷиати шифоҳии шаҳрвандонро қабул менамоянд. Телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар соатҳои корӣ аз соати 09:00 то соати 18:00 ба вақти Москва фаъолият намуда, ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа дар чанд бахш посух медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Федератсияи Русия Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират фаъолият мекунад, ки он дар суроғаи шаҳри Москва, кӯчаи 2-юми Тверская — Ямская, бинои 40\3, қатори 1, бинои 201, 207, 214 воқеъ гардидааст. Дар ҳолатҳои зарурӣ шаҳрвандони мо инчунин метавонанд барои кумак ба Намояндагӣ бо телефонҳои зерин: +7(926)255-09-27; +7(968) 733 00 00, сомонаи расмии www.tajmigration.ru. почтаи электронии prmstJ@mail.ru. муроҷиат намоянд.
АКСҲО аз саҳифаи Талабшо Холиқзод дар «Фейсбук»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид






