Ба наҷотдиҳандагони Суғд роҳу усулҳои ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ омӯзонида шуданд

Январь 27, 2022 10:16

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/.  20 нафар муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Истаравшан дар курси такмили ихтисоси «Ҳайати роҳбарикунанда ва  масъулини вазоратҳо, идораҳо, мактабҳои миёна ва олӣ дар мудофиаи гражданӣ», ки 25-26 январ дар вилояти Суғд баргузор гардид,  иштирок намуданд,  хабар доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар».

Давраи омӯзишии мазкур бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, инчунин Нақшаи Раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Дар ҷараёни машғулият иштирокчиён бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодае, ки соли гузашта дар вилоят ба амал омадаанд, роҳҳо ва усулҳои ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи табиию техногенӣ ва баргузории “Рӯзи мудофиаи гражданӣ” шинос карда шуданд.

АКС: КҲФ ва МГ

Январь 27, 2022 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид