Бахшида ба Иди Сада дар ноҳияи Мастчоҳ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ ба муносибати ҷашни Сада ва бо мақсади фаровон намудани дастархони мардум дар назди Боғи фарҳангию фароғатии «Тоҷикистон»-и шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ярмарка-фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ баргузор гардид. Дар ин бора корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Аз ҷониби ҷамоату шаҳракҳои деҳот, соҳибкорон, кишоварзон ва корхонаҳо маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, бодирингу помидор, меваҳои гуногун, тухм, гӯшти гову гӯсфанд ва мурғ, орду равған, ҳасиб ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон ба фурӯш гузошта шуданд.
Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешниҳод намудани маводи хӯрокворӣ доир шуда, сокинон метавонанд маҳсулоти зарурии худро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар харидорӣ намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






