БЕҲТАРИНИ БЕҲТАРИНҲО. Шумораи гирандагони стипендияи Президентӣ ба 3000 нафар расонида шуд

Январь 6, 2022 11:14

ДУШАНБЕ, 6.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи гирандагони стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2021-2022 ба 3000 нафар расонида шуд.  Барои ҳар як гирандаи стипендия ҳар моҳ 500 сомонӣ муқаррар гардидааст, иттилоъ доданд дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иқдоми мазкур бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли 2021 амалӣ гардида,  то ин муддат шумораи гирандагони стипендияи мазкур 400 ададро ташкил медод.

Бояд тазаккур дод, ки таъсиси стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  1 августи 2015 ва Низомномаи  стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқ шуда, ҳамасола дар асоси низомномаи мазкур омзун аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон гузаронида  мешавад, ғолибон муайян ва давоми соли таҳсил бо стипендия таъмин карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки аз таъсис ёфтани стипендия, яъне аз соли 1998 то соли 2020 теъдоди стипендияҳои Президентӣ ва маблағи он марҳила ба марҳила зиёд гардида, дар доираи Соли ҷавонон эълони намудани соли 2017 теъдоди  стипендия аз 300 адад ба 400 адад расонида шуд. Аз 1 сентябри соли 2021 ин шумора бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба 3000 ва ҳаҷми маблағи он барои ҳар як гирандаи стипендия дар як моҳи соли таҳсил ба 500 сомонӣ расонида шуд, ки ин беҳтарин иқдом барои дастгирии ҷавонони лаёқатманду фаъол мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар соли 2021   Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани озмун тадбирҳои зарурӣ андешида, озмунро бо иштироки доираи васеи хонандагону донишҷӯён баргузор намуданд ва тибқи квотаи ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муқарраргардида номзадии беҳтарин довталабонро барои дарёфти стипендияи Президентӣ ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод намуданд.

Баъд аз натиҷагирии фаъолияти  Комиссияи ҷумҳуриявии озмун 2950 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 25 нафар донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 25 нафар донишҷӯёни  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дар маҷмӯъ 3000 нафар ҳамчун ғолиби озмуни стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2021 – 2022 муайян гардиданд. Онҳо давоми нуҳ моҳи соли таҳсил бо стипендияи Президентӣ таъмин мегарданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

 АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ

Январь 6, 2022 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд