Беморхонаи клиникии шаҳрии Хуҷанд ба таъмиру таҷдид фаро гирифта шуд

Январь 17, 2022 08:44

ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои чорошёнаи ҷарроҳию табобатии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1- и шаҳри Хуҷанд ба таҷдиду навсозӣ фаро гирифта шуд. Дар ин бора корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

 16 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни таҷдиду навсозӣ дар бинои асосии ҷарроҳию табоботии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1- и шаҳри Хуҷанд шинос шуд. Ин беморхона  ҳанӯз соли 1972 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҳол аз таъмири куллӣ бароварда нашуда буд. Дар бинои мазкур шуъбаҳои қабул, эҳё, ҷарроҳии фасоднок, ҷарроҳии калонсолон, осеби хурдсолон, осеби калонсолон, бемориҳои сӯхта, ҷарроҳии бачагона, корпуси ҷарроҳигузаронӣ ва ғайраҳо ҷойгир карда шуда, маҷмуан беш аз 250 кати табобатӣ дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо лоиҳаи ангории таҷдиду навсозии бинои ҷарроҳию табобатии беморхона иброз намуд, ки талаботи замони муосир моро водор месозад, ки ба шароити табобату муолиҷа ва барқароркунии саломатии шаҳрвандон аҳамияти хосса диҳем, аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки бинои мазкур мавриди навсозӣ қарор дода шавад.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва сохтмончиён ҷиҳати анҷом додани корҳои босифати сохтмонӣ, аз ҷумла, батартибдарории ҳудуди беморхона, деворҳои иҳотавӣ, ҷӯйборҳо, роҳрав, истгоҳи мошинҳо ва муҳайё кардани шароити мусоид баҳри муолиҷаву дидорбинии беморону корафтодагон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳоло корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ «Сохтмонворидот» ҷараён дошта, беш аз 40 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ бо кор машғуланд.

Дар интиҳои боздид аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва кормандони соҳаи тиб дар ҳудуди беморхона ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд.

 АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Январь 17, 2022 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд