Беш аз 138 ҳазор нафар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои Суғд боздид намудаанд

Январь 11, 2022 08:55

ДУШАНБЕ, 11.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилояти Суғд зиёда аз 138,2 ҳазор нафар, аз ҷумла 2,3 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ боздид намудаанд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Соли 2021 дар вилоят ҳамзамон ду ширкати сайёҳӣ таъсис ёфта, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 ширкати сайёҳӣ  ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ – Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 93 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 62 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истеҳсолӣ, 4 лагер, 1 хона ва 1 базаи истироҳатӣ бо ғунҷоиши 6873 ҷой, 44 осорхона ва 753 мавзеи таърихӣ, 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият мебаранд.

АКС аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд

Январь 11, 2022 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад