ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ. Шарҳи Вазорати маориф ва илм дар ин хусус

Ноябрь 22, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 22.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистон яке аз масъалаҳои муҳимми таъмини фаъолияти мунтазами соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, таъмини синфхонаҳо бо гармӣ ва муҳайё намудани шароити зарурӣ барои омӯзгорону хонандагонро тақозо менамояд. Пас, муассисаҳои таълимии мамлакат то кадом андоза ба давраи тирамоҳу зимистон омодаанд ва барои таъмини гармӣ ва фаъолияти муназзами онҳо дар мавсими сармо чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин замина вазорат ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2026  тасдиқ гардидааст, тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи асосии гармидиҳӣ нақшаи захираи ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ таҳия гардида, бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 30 майи соли 2026 тасдиқ шудааст.

Талаботи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 ба 61 ҳазору 2 тонна ангишт, 49 ҳазору 773 метри мукааб ҳезум ва 147 ҳазору 135 литр сӯзишвории дизелӣ баробар мебошад.

Ба ҳолати 10 ноябри соли 2026 иҷрои нақшаи захираи маводи гармидиҳӣ бо назардошти бақияи соли 2025 ва захираҳои ҷамъоваришуда аз рӯйи ангишт 96 фоиз, ҳезум 99 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 51 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо аз иҷрои назарраси нақшаи захираи ангишту ҳезум шаҳодат дода, ҳамзамон зарурати тақвияти тадбирҳоро дар самти захираи сӯзишвории дизелӣ нишон медиҳанд.

Вазъи захиранамоӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ

Таҳлили маълумоти пешниҳодшуда нишон медиҳад, ки вазъи захираи маводи гармидиҳӣ дар минтақаҳои мамлакат гуногун аст.

Дар шаҳри Душанбе нақшаи захираи ангишт 104 фоиз, ҳезум 215 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 113 фоиз иҷро гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз иҷрои пурра ва беш аз нақшаи захиранамоӣ дар пойтахт шаҳодат медиҳанд.

Дар вилояти Хатлон захираи ангишт 90 фоиз, ҳезум 99,5 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 33 фоизро ташкил дода, дар баъзе ноҳияҳои вилоят вазъи захираи ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ беҳбудиро тақозо менамояд.

Дар вилояти Суғд вазъ аз рӯйи захираи ангишту ҳезум нисбатан мусбат арзёбӣ мегардад. Тибқи маълумот, ангишт 99 фоиз ва ҳезум 100 фоиз захира карда шудааст. Аммо нишондиҳандаи захираи сӯзишвории дизелӣ ҳамагӣ 6 фоизро ташкил медиҳад. Ин ҳолат зарурати таваҷҷуҳи бештар ба масъалаи таъмини муассисаҳои таълимии вилоят бо сӯзишвории дизелиро ба миён мегузорад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон захираи ангишт 94 фоиз, ҳезум 97 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 96 фоизро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ захираи ангишт 97 фоиз, ҳезум 96 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 75 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин минтақа низ баъзе мушкилот, аз ҷумла иҷро нагардидани захираи ҳезум дар баъзе ноҳияҳо ва пурра оғоз нагардидани захираи сӯзишвории дизелӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба назар мерасад.

Ҳамин тариқ, муқоисаи нишондиҳандаҳои минтақавӣ нишон медиҳад, ки масъалаи асосии ҳалталаб дар якчанд минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмини саривақтии муассисаҳои таълимӣ бо сӯзишвории дизелӣ ва пурра намудани захираи ангишту ҳезум дар муассисаҳои алоҳида мебошад.

Таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти гармидиҳӣ

Дар баробари захираи маводи гармидиҳӣ омодагии техникии муассисаҳои таълимӣ низ аҳаммияти махсус дорад.

Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм, дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 1567 дегхонаҳои хурду бузург, 17 ҳазору 808 гармкунаки барқӣ ва 47 ҳазору 669 печи аловӣ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Ҳамзамон бо мақсади пешгирии талафоти гармӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълим дар муассисаҳои соҳаи маориф 5611 метри мураббаъ дару тирезаҳо шишабандӣ карда шудаанд.

Ин тадбирҳо ба беҳтар намудани шароити нигоҳдории гармӣ дар биноҳои муассисаҳои таълимӣ мусоидат мекунанд. Бо вуҷуди ин, назорати ҳолати техникии таҷҳизоти гармидиҳӣ, таъмири саривақтии онҳо ва риояи талаботи бехатарӣ бояд ҳамеша дар мадди назар қарор дошта бошад.

Захираи маводи хӯрокворӣ

Бояд иброз намуд, ки дар баробари таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи гармидиҳӣ захираи маводи хӯрокворӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, интернатҳо, литсейҳо ва мактабҳои президентӣ низ яке аз самтҳои муҳимми омодагӣ ба мавсими зимистон ба ҳисоб меравад.

Барои моҳҳои сентябр–марти солҳои 2026–2027 талаботи муассисаҳои мазкур ба маводи асосии хӯрокворӣ 811 тонна орд, 214 тонна равған, 323 тонна биринҷ, 308 тонна шакар, 890 тонна картошка, 506 тонна пиёз, 399 тонна сабзӣ ва 87 ҳазору 41 қуттӣ консерва муайян гардидааст.

Ба ҳолати 10 ноябри соли 2026 аз ин миқдор 316 тонна орд, 154 тонна равған, 168 тонна биринҷ, 150 тонна шакар, 532 тонна картошка, 305 тонна пиёз, 233 тонна сабзӣ ва 42 ҳазору 789 қуттӣ консерва захира ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Таҳлили нишондиҳандаҳо нишон медиҳад, ки захираи картошка ба андозаи тақрибан 60 фоиз, пиёз 60 фоиз, сабзӣ 58 фоиз ва равған беш аз 71 фоизи талабот таъмин гардидааст. Ҳамзамон захираи орд тақрибан 39 фоиз ва шакар 49 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо зарурати идомаи корҳои захиранамоӣ ва таъмини мунтазами муассисаҳои дахлдорро бо маводи ғизоӣ бозгӯйӣ менамоянд.

Дар маҷмуъ, тадбирҳои андешидаи Вазорати маориф ва илм нишон медиҳанд, ки дар самти омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 корҳои муайян анҷом дода шудаанд. Иҷрои баланди нақшаи захираи ангишту ҳезум ва мавҷудияти таҷҳизоти гармидиҳӣ аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои мусбат ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон нобаробарии нишондиҳандаҳои минтақавӣ, сатҳи нисбатан пасти захираи сӯзишвории дизелӣ дар баъзе минтақаҳо ва зарурати идомаи захиранамоии маводи хӯрокворӣ масъалаҳое мебошанд, ки таваҷҷуҳи доимии масъулонро тақозо менамоянд.

Аз ин рӯ, пурра ва сари вақт иҷро намудани нақшаи захираи маводи гармидиҳӣ, бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, омодагии техникии таҷҳизот ва таъмини муассисаҳо бо маводи зарурии ғизоӣ бояд аз вазифаҳои аввалиндараҷаи сохторҳои масъули соҳаи маориф дар ин давра бошад. Зеро омодагии саривақтӣ ба фасли зимистон кафолати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, ҳифзи саломатии хонандагону омӯзгорон ва таъмини фаъолияти мунтазами муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 22, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
АЗ РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ТО НИШОНИ ЭЪТИБОРИ ҶАҲОНӢ. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дар рушди технологияҳои инноватсионӣ ва идоракунии оқилонаи захираҳои обу энергия нақши бунёдӣ доранд
ЧОРМАҒЗПАРВАРӢ. Иқлими Тоҷикистон барои парвариши чормағз ва чӯби босифат созгор мебошад
Литсейи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе дар соҳибкасб намудани ҷавонон саҳми арзанда мегузорад
«ТОҶИКИСТОН, САРЗАМИНИ НАНГУ ОРИ МОСТ! ». Миллати тоҷик 40-солагии Истиқлолияти давлатиро бо ободкориҳои бемисл таҷлил менамояд
Илм ва инноватсия – омили муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Моҳи ноябр барои қаламча намудани гули садбарг мавсими мувофиқ аст