«БО ҲАМ БА COVID-19 ҒОЛИБ МЕБАРОЕМ!». Таҳти ин унвон КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ аксия доир намуд

Январь 25, 2022 17:18

ДУШАНБЕ, 25.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ҷалби валантиёрон аз Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватана» ба хотири солимгардонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ бемории сироятии COVID-19 дар шаҳраки 46-и ноҳияи Фирдавсӣ аксияи ҳизбӣ таҳти унвонӣ «Бо ҳам ба COVID-19 ғолиб мебароем!» гузаронида шуд, хабар доданд аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар».

Дар аксияи мазкур беш аз 100 адад ниқоби тибии яккарата ва варақаҳои итиилотӣ ба сокинон тақсим карда шуд. Дар варақаҳои иттилоотӣ маълумоти муфассал  дар бораи бемории COVID-19 ва чӣ гуна амал кардан ҳангоми ба он гирифтор шудан ба таври васеъ дарҷ гардидааст.

Волонтёрон ҳамчунин аз сокинон ҳангоми суҳбат даъват ба амал оварданд, ки қойидаҳои беҳдоштро риоя намуда, ба хотири саломатии худ ва атрофиён бар зидди ин беморӣ ваксина гиранд, чунки  раванди кунунии пандемияи COVID-19 ва пажӯҳишҳои коршиносони тиб тасдиқ мекунанд, ки ваксинатсия ягона усули самараноки мубориза бо пандемияи бемории сироятӣ мебошад. Танҳо дар ҳолати фаро гирифтани 90% -и аҳолӣ бо ваксинатсия инсоният метавонад ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад.

«Баргузории чунин  аксияҳо то аз байн рафтани пандемияи ҷаҳонӣ (коронавирус навъи COVID-19) аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ идома меёбад»,-гуфт манбаъ.

АКСҲО аз КИ ҲХДТ дар  ноҳияи Фирдавсӣ

Январь 25, 2022 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид