«БО ҲАМ БА COVID-19 ҒОЛИБ МЕБАРОЕМ!». Таҳти ин унвон КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ аксия доир намуд
ДУШАНБЕ, 25.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ҷалби валантиёрон аз Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватана» ба хотири солимгардонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ бемории сироятии COVID-19 дар шаҳраки 46-и ноҳияи Фирдавсӣ аксияи ҳизбӣ таҳти унвонӣ «Бо ҳам ба COVID-19 ғолиб мебароем!» гузаронида шуд, хабар доданд аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар».
Дар аксияи мазкур беш аз 100 адад ниқоби тибии яккарата ва варақаҳои итиилотӣ ба сокинон тақсим карда шуд. Дар варақаҳои иттилоотӣ маълумоти муфассал дар бораи бемории COVID-19 ва чӣ гуна амал кардан ҳангоми ба он гирифтор шудан ба таври васеъ дарҷ гардидааст.
Волонтёрон ҳамчунин аз сокинон ҳангоми суҳбат даъват ба амал оварданд, ки қойидаҳои беҳдоштро риоя намуда, ба хотири саломатии худ ва атрофиён бар зидди ин беморӣ ваксина гиранд, чунки раванди кунунии пандемияи COVID-19 ва пажӯҳишҳои коршиносони тиб тасдиқ мекунанд, ки ваксинатсия ягона усули самараноки мубориза бо пандемияи бемории сироятӣ мебошад. Танҳо дар ҳолати фаро гирифтани 90% -и аҳолӣ бо ваксинатсия инсоният метавонад ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад.
«Баргузории чунин аксияҳо то аз байн рафтани пандемияи ҷаҳонӣ (коронавирус навъи COVID-19) аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ идома меёбад»,-гуфт манбаъ.
АКСҲО аз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ










Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






