Далер Ҷумъа: Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон беш аз 20 млрд кВт-соатро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 20 млрд 624,6 млн. кВт-соатро ташкил дод, ки ин меъёр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 853,8 млн кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,3 фисад таъмин карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба иттилои мавсуф, вазорат ҷиҳати пурра дар амал татбиқ гардидани масъалаҳои таҷдид дар манбаъҳои тавлиди неруи барқ ва пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии байналмилалии роҳбарияти олии кишвар дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, ки масъалаҳои рӯзмарра ба шумор рафта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва ҳамовозӣ пайдо намудаанд, саҳм мегузорад.
Зикр гардид, ки ҷамъоварии умумии маблағи энергияи барқ 93,6 % ё 3 млрд. 113,6 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 (2 млрд 728,5 млн сомонӣ) ба маблағи 385,1 млн сомонӣ ё 14,1 % зиёд мебошад.
Далер Ҷумъа омилҳои асосии зиёд гардидани ҷамъоварии маблағи энегияи барқро ба беҳтар ба роҳ мондани корбарӣ дар самти ҷамъоварии маблағи энергияи барқ, пурзӯр намудани назорати кори низоми биллингӣ, пурзӯр намудани идоракунии корпоративӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири хизматрасонӣ барои муштариён марбут донист.
«Айни замон дар асоси технологияи муосири (барномаи билингӣ) дар соҳа ҷоригардида, ирсоли СМС–паёмак ба муштариён оид ба маълумоти нишондиҳандаҳои ҳисобкунак, сарфи энергияи барқ, ҳисоби маблағи барқи истифодашуда, пардохти он ва бақия баъди сабти электронӣ ва ё баъди пардохти маблағ роҳандозӣ карда шуд, ки ҳадаф аз он шаффофият дар ҳисобу китоби дақиқи энергияи барқ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷа сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён баланд бардошта шуда, вазорат айни замон дар якҷоягӣ бо ҷамъиятҳои шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ барои дар тамоми қаламрави кишвар ҷорӣ намудани системаҳои электронии идоракунии истифодаи энергияи барқро тавассути истифодаи технологияи муосир дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст»,-афзуд Д. Ҷумъа.
Ҳаҷми содироти энергияи барқ дар умум 2 млрд. 439,2 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 911,6 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 159,6 % -ро ташкил дод.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






