Далер Ҷумъа: Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон беш аз 20 млрд кВт-соатро ташкил дод

Январь 31, 2022 15:10

ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 истеҳсоли  неруи  барқ дар ҷумҳурӣ 20  млрд 624,6 млн. кВт-соатро ташкил дод, ки ин меъёр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 853,8 млн кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,3 фисад таъмин карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба иттилои мавсуф, вазорат ҷиҳати пурра дар амал татбиқ гардидани масъалаҳои таҷдид дар манбаъҳои тавлиди неруи барқ ва пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонии байналмилалии роҳбарияти олии кишвар дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, ки масъалаҳои рӯзмарра ба шумор рафта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф ва ҳамовозӣ пайдо намудаанд, саҳм мегузорад.

Зикр гардид, ки ҷамъоварии умумии маблағи энергияи барқ 93,6 % ё 3 млрд. 113,6 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 (2 млрд 728,5 млн сомонӣ) ба маблағи 385,1  млн сомонӣ ё 14,1 % зиёд мебошад.

Далер Ҷумъа омилҳои асосии зиёд гардидани ҷамъоварии маблағи энегияи барқро ба беҳтар ба роҳ мондани корбарӣ дар самти ҷамъоварии маблағи энергияи барқ, пурзӯр намудани назорати кори низоми биллингӣ, пурзӯр намудани идоракунии корпоративӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири хизматрасонӣ барои муштариён марбут донист.

«Айни замон дар асоси технологияи муосири (барномаи билингӣ) дар соҳа ҷоригардида, ирсоли СМС–паёмак ба муштариён оид ба маълумоти нишондиҳандаҳои ҳисобкунак, сарфи энергияи барқ, ҳисоби маблағи барқи истифодашуда, пардохти он ва бақия баъди сабти электронӣ ва ё баъди пардохти маблағ роҳандозӣ карда шуд, ки ҳадаф аз он шаффофият дар ҳисобу китоби дақиқи энергияи барқ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷа сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён баланд бардошта шуда, вазорат айни замон дар якҷоягӣ бо ҷамъиятҳои шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ барои дар тамоми қаламрави кишвар ҷорӣ намудани системаҳои электронии идоракунии истифодаи энергияи барқро тавассути истифодаи технологияи муосир дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст»,-афзуд Д. Ҷумъа.

Ҳаҷми содироти энергияи барқ дар умум 2 млрд. 439,2 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020  911,6 млн. кВт. соат зиёд буда, суръати афзоиш 159,6 % -ро ташкил дод.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2022 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд