Дар Академияи ВКД оид ба масъалаи мубориза бо ҷинояткорӣ конференсияи байналмилалии онлайн доир шуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷодаи ҳамкории дутарафа ва мувофиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмие, ки 1 августи соли 2016 миёни Академияи ВКД Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус ба имзо расида буд, 28 январ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва тайёр намудани кадрҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» дар режими онлайн конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре аз шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масъалаи мазкур дар Академияи ВКД мавриди омӯзиш қарор ёфта, дар мавзӯи илмӣ таҳти унвони «Проблемаҳои амалия ва назарияи модернизатсияи фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, таҳқиқоти илмӣ гузаронида мешавад.
Дар ҳамоиш муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Пулод Насуриён, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон оид ба илм ва инноватсия, доктори фалсафа, дотсент Руфтулло Нигматов, муовини сардори Донишгоҳи амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Узбекистон, дотсент Алберт Давлитов сухан гуфтанд.
Анҷумани илмиро муовини сардори Академияи ВКД Беларус оид ба корҳои илмӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Павел Гридюшко ифтитоҳ намуд.
Ҳамчунин дар ҷараёни конференсия проблемаҳои мубрам оид ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилӣ, равишҳои нав дар фаъолияти маъмурӣ, масъалаҳои муҳоҷират ва ғайра ки аз тарафи намояндагони муассисаҳои таълимии олии системаи ВКД/политсияи ҷумҳурияҳои Беларус, Озарбойҷон, Русия ва Узбекистон пешниҳод шуда буданд, баррасӣ гардиданд.
АКС: Академияи ВКД








Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд






