Дар Академияи ВКД оид ба масъалаи мубориза бо ҷинояткорӣ конференсияи байналмилалии онлайн доир шуд

Январь 31, 2022 15:12

ДУШАНБЕ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷодаи ҳамкории дутарафа ва мувофиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмие, ки 1 августи соли 2016 миёни Академияи ВКД Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус ба имзо расида буд, 28 январ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва тайёр намудани кадрҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» дар режими онлайн конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.

Тавре аз шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  масъалаи мазкур дар Академияи ВКД мавриди омӯзиш қарор ёфта, дар мавзӯи илмӣ таҳти унвони «Проблемаҳои амалия ва назарияи модернизатсияи фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, таҳқиқоти илмӣ гузаронида мешавад.

Дар ҳамоиш муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Пулод Насуриён, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон оид ба илм ва инноватсия, доктори фалсафа, дотсент Руфтулло Нигматов, муовини сардори Донишгоҳи амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Узбекистон, дотсент  Алберт Давлитов сухан гуфтанд.
Анҷумани илмиро муовини сардори Академияи ВКД Беларус оид ба корҳои илмӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Павел Гридюшко ифтитоҳ намуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни конференсия проблемаҳои мубрам оид ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилӣ, равишҳои нав дар фаъолияти маъмурӣ, масъалаҳои муҳоҷират ва ғайра ки аз тарафи намояндагони муассисаҳои таълимии олии системаи ВКД/политсияи ҷумҳурияҳои Беларус, Озарбойҷон, Русия ва Узбекистон пешниҳод шуда буданд, баррасӣ гардиданд.

 АКС: Академияи ВКД

Январь 31, 2022 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд