Дар Ашт ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир гардид

Январь 29, 2022 10:33

ДУШАНБЕ, 29.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ашт  ҷиҳати иҷрои  вазифаҳое, ки  дар Паёми навбатии Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баён гардиданд ва қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи тадбирҳои татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022»  дар даромадгоҳи  «Театри мусиқӣ — драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов»-и ноҳияи мазкур  ярмаркаи ҷойи кори холӣ баргузор  намуд.

Тавре  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ярмаркаи ҷойи кори холӣ аз 17 ташкилоту корхонаҳо намояндагон бо пешниҳоди 126 ҷойи кор иштирок намуданд. Аз тарафи мутахассисони шуъба миёни корҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Дар ярмарка

Дар ярмарка 135 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯй иштирок намуда, 26 нафар бекорон ба коргоҳи дӯзандагии ҶДММ «Рахшона» тавсиянома гирифтанд. Ба 7 нафар маслиҳатҳои машваратӣ, ба 12 нафар шаҳрвандони корҷӯйи Ҷамоати деҳоти Меҳробод доир ба курси кӯтоҳмуддати «Бофандагӣ» маслиҳат дода шуд. Инчунин 20 нафар шаҳрвандони бекори дар қайди шуъба буда ба ҶДММ «Рахш Р.М» барои кори ҷамъиятии музднок фаро гирифта шуд.

АКСаз МИҲД н.Ашт

Январь 29, 2022 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд