Дар Ашт ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 29.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ашт ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баён гардиданд ва қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи тадбирҳои татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» дар даромадгоҳи «Театри мусиқӣ — драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов»-и ноҳияи мазкур ярмаркаи ҷойи кори холӣ баргузор намуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ярмаркаи ҷойи кори холӣ аз 17 ташкилоту корхонаҳо намояндагон бо пешниҳоди 126 ҷойи кор иштирок намуданд. Аз тарафи мутахассисони шуъба миёни корҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Дар ярмарка
Дар ярмарка 135 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯй иштирок намуда, 26 нафар бекорон ба коргоҳи дӯзандагии ҶДММ «Рахшона» тавсиянома гирифтанд. Ба 7 нафар маслиҳатҳои машваратӣ, ба 12 нафар шаҳрвандони корҷӯйи Ҷамоати деҳоти Меҳробод доир ба курси кӯтоҳмуддати «Бофандагӣ» маслиҳат дода шуд. Инчунин 20 нафар шаҳрвандони бекори дар қайди шуъба буда ба ҶДММ «Рахш Р.М» барои кори ҷамъиятии музднок фаро гирифта шуд.
АКСаз МИҲД н.Ашт








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






