Дар «Баҳри тоҷик» нозирон 5 қӯруқшиканро дастгир намуданд
ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар обанбори «Баҳри тоҷик», воқеъ дар шимоли Тоҷикистон — вилояти Суғд аз тарафи нозирони Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни бурдани назорати давлатӣ 5 нафар қӯруқшикан дастгир гардид, ки бо тӯрҳои капронӣ ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Аз қонунвайронкунандагон ба миқдори 15 адад тӯри моҳидории дарозиашон 1500-метра, инчунин як адад муҳаррики қайиқи резинии намуди «Тахассу-15» ва 220 дона моҳиҳои намуди суфмоҳӣ, карас ва жерех, ки вазнашон 72 кг-ро ташкил медод, мусодира гардид.
Нисбат ба қонуншиканон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






