Дар «Баҳри тоҷик» нозирон 5 қӯруқшиканро дастгир намуданд

Январь 24, 2022 10:31

ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар обанбори «Баҳри тоҷик»,  воқеъ дар шимоли Тоҷикистон — вилояти Суғд аз тарафи нозирони Раёсати  назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти  назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни бурдани назорати давлатӣ 5 нафар қӯруқшикан дастгир гардид, ки бо тӯрҳои капронӣ ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Аз қонунвайронкунандагон ба миқдори 15 адад тӯри моҳидории дарозиашон 1500-метра, инчунин як адад муҳаррики қайиқи резинии намуди «Тахассу-15» ва 220 дона моҳиҳои намуди суфмоҳӣ, карас ва жерех, ки вазнашон 72 кг-ро ташкил медод, мусодира  гардид.

Нисбат ба қонуншиканон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ

Январь 24, 2022 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Логистика ба бахши ҷудонопазир ва муҳаррики муҳими иқтисод табдил меёбад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир шуд
Дар Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ зиёда аз 100 ширкати Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуданд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб Созишномаи ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид
Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 18,1 миллиард сомонӣ расид
Вохӯрии маҷозии Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико дар мавзуи технологияҳои рақамӣ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкориро дар бахшҳои саноат ва иқтисод баррасӣ намуданд
Иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон бунёд мегардад
Чаро дар Тоҷикистон нархи картошка гарон аст? Маҳдуд кардани дахолати миёнаравҳо имкон медиҳад, ки кишоварзон маҳсулоти худро бевосита ба бозор бароранд
Тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад