Дар Донишгоҳи давлатии Данғара Паёми Президенти Тоҷикистонро тавзеҳ доданд

Январь 12, 2022 15:48

ДУШАНБЕ, 12.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода, муовини якуми раиси ноҳияи Данғара Каромиддин Холзода, муовини раиси ноҳияи Данғара Фариза Абдуллозода ва ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Нуралӣ Шоҳиён  ҷиҳати шарҳу баррасии нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид, хабар дод ба АМИТ «Ховар» сардори бахши  гурӯҳи таҳлилии таъмини бехатарии иттилоот ва кор бо сомонаҳои донишгоҳ Муҳаммад Шораҳимзода.   

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода  вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷии мамлакат ва натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли гузашта ибрози назар намуда, соли 2021-ро соли таърихӣ унвон намуд.  Гуфта шуд, ки соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши калидӣ дорад ва вилояти Хатлон дорои иқлими мусоид ҷиҳати рушди тамоми соҳаҳо  мебошад. Дар солҳои вазнини 1992–1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд, ки ин нишондиҳанда дар бист соли охир 138 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обиро дар бар мегирад, ки ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд.

Инчунин дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ гардиданд.

Муовини  раиси ноҳияи Данғара Фариза Абдуллозода   иброз намуд, ки яке аз масъалаҳои умдае, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа буд. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки нақши бонувону занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад ва имрӯз 49,3 фоизи аҳолии кишварро маҳз занон ташкил медиҳанд. Таъкид гардид, ки  дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дохил шуда, онро сарбаландона хатм намудаанд. Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос тамоми шароиту имконияти заруриро фароҳам овардааст.

Дар ҷамъомад меҳмонон доир ба нуктаҳои дигари Паём маърӯза намуда, изҳор доштанд,  ки татбиқи нуктаҳои ин ҳуҷҷати муҳим замина фароҳам меорад, ки пешрафти соҳаҳо таъмин ва сатҳи некӯаҳволии мамлакат боз ҳам беҳтар гардад.

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён  изҳор дошт, ки “дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара барои баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла пешниҳоди онҳо ба зинаи роҳбарикунанда аз моҳи январи соли 2022 дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори идоравии факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ тағйиру иловаҳо ворид намуд.  47 нафар аз ҳисоби занону бонувони муваффақ ва лаёқатманду донандагони забони хориҷии донишгоҳ ба вазифаҳои ҷонишини декан оид ба рушди неруи инсонӣ ва ташкили бозиҳои расмӣ-касбӣ ва ба ҳайси муовини мудири кафедра оид ба рушди неруи инсонӣ ва баҳогузории рейтингӣ таъйин шуданд”.

 

                                                  АКСҲО  аз Донишгоҳи давлатии Данғара

 

 

Январь 12, 2022 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 апрел, чоршанбе, 117- умин рӯзи соли 2022 аст
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ҚУРБИ АСЪОР 1 евро аз 13.4481 то 13.5500 сомонӣ муқаррар шудааст
Пагоҳ дар Минск ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои ИДМ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав 9 нафар ба кори доимӣ ва 30 нафар ба корҳои ҷамъиятии мавсимӣ роҳхат гирифтанд
БА ИСТИҚБОЛИ 25-СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилии шаҳри Хуҷанд соҳиби бинои нави маъмурӣ мегардад
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок ва бебориш дар назар аст
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Тоҷикистон хатари зуҳуроти сел то охири ҳафта боқӣ мемонад