Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон курсҳои омӯзишии забонҳои русӣ ва англисӣ оғоз гардиданд

Январь 21, 2022 09:27

ДУШАНБЕ, 21.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. 20 январ дар Донишкадаи   давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода курсҳои омӯзишӣ аз рӯйи ихтисосҳои «Истифодати технологияи нави муосир (тахтаҳои электронӣ, видиопроектор ва дигар таҷҳизоти техникӣ)», «Барномаи компютерии адворнависӣ Сибелиус», «Забони русӣ» ва «Забони англисӣ» бо иштироки кормандон ва омӯзгорони донишкада оғоз гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишкадаи мазкур.

Тавре декани факултети такмили ихтисоси кормандони фарҳанг,  санъат ва табъу нашри ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода Султонмурод Ёров изҳор дошт, ин курсҳои омӯзишӣ вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020   оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ шудаанд.

Курсҳои омӯзишӣ даҳ рӯз идома ёфта, дар баланд бардоштани маҳорати касбӣ, рушди фарҳанги техникӣ ва такмил додани донишу истифода аз технологияи муосири таълим, усулҳои нави инноватсионии таълим, савияи дониши техникии мутахассисон ва устодони донишкада мусоидат менамоянд.

АКСҲО аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Январь 21, 2022 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад