Дар Хатлон масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 05.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 январ дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вохӯрии раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Русия Муриват Маликшоев бо роҳбарияти кумитаҳои иҷроияи ҳизби шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар баргузор гардид, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, роҳнамоии ҷомеа ба таълимоти касбӣ ва забономӯзии ҷавононе, ки азми муҳоҷират ба хориҷи кишвар доранд, баррасӣ шуданд.
Тавре раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён изҳор дошт, муҳоҷирати меҳнатӣ имрӯз ҳамчун омили муҳими рушду таҳкими иқтисодиёт барои тамоми кишварҳои олам зарур арзёбӣ мегардад. Аммо масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба кишварҳои хориҷӣ аз мушкилиҳои ҳалталаб аст.
«Биноан, мо фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳоро мебояд, ки бо аҳолӣ ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таҳсили касбии ҷавонон қабл аз муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшида, мардумро огоҳ намоем, ки бидуни омӯзиши забони русӣ ва хатми таҳсили касбӣ аз сафарбаркунии фарзандон барои муҳоҷирати корӣ ба Федератсияи Русия худдорӣ намоянд», – иброз дошт Қиёмиддин Миралиён.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин раиси Ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Русия Муриват Маликшоев оид ба кору рӯзгори муҳоҷирони тоҷик дар Русия, фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон ҷиҳати тарғибу ташвиқи фарҳангу маданият ва расму ойинҳои мардумии халқи тоҷик дар хориҷи кишвар ибрози андеша намуд.
Зикр гардид, ки айни замон зиёда аз 500 нафар ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии вилояти Иркутски Федератсияи Русия таҳсил доранд ва ба хотири ҷалби ҷавонони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳҳои ин вилоят тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.
Сол то сол шароити кории муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Иркутск беҳтар мегардад ва онҳо дар ин диёри паҳновари Русия дар сохтмони майдону толорҳои варзишӣ саҳм гузошта, ҳамзамон ҳамчун бинокору меъморони касбӣ маҳорату таҷрибаи худро такмил медиҳанд. Аммо новобаста ба ин, ҳар шаҳрвандро зарур аст, ки қабл аз сафар омодагии ҷиддӣ бигирад, касбу ҳунареро аз худ кунад, забони муоширатро балад бошад, зеро талабот барои қабули муҳоҷирони меҳнатӣ марҳила ба марҳила мураккабтар мегардад.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ҳалли мушкилиҳои муҳоҷирони кории тоҷик, пешгирӣ аз шомилшавии муҳоҷирони ҷавон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами вобаста ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ муҳокима шуданд.
АКСҲО аз КИ ХХДТ дар вилояти Хатлон








ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад






