Дар Хуҷанд корхонаи муштараки истеҳсоли лифтҳо бунёд мешавад

Январь 25, 2022 09:37

ДУШАНБЕ, 25.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода 24 январ бо намояндагони ширкати «Могилевлифтмаш»-и Беларус  вохӯрӣ намуд, ки зимни он ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, то дар зудтарин фурсат бо ҷалби гурӯҳҳои корӣ дар шаҳри Хуҷанд ба таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифтҳо оғоз намоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Зимни мулоқот бо намояндагони ширкат Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зикр намуд, ки бо шарофати саъю талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко муносибатҳои ду мамлакат тайи солҳои охир ба сатҳи сифатан нав бароварда шуданд. Намунаи олии он ҳамкории судманд дар чорчӯбаи шарикии босамар миёни бародаршаҳрҳо- Хуҷанд ва Могилёв эҳсос мешавад.

Сардори бюрои фурӯши ширкати беларусии «Могилевлифтмаш» Александр Сорокин зимни суҳбат иброз дошт, ки ҳадаф аз сафари намояндагони ширкат -ин ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва ташаккули фаъолияти судманди тарафайн мебошад. «Могилевлифтмаш» омода аст, ки корхонаву ташкилот ва аҳолии шаҳри Хуҷандро бо лифтҳои замонавӣ таъмин намояд. Ширкат таҷрибаи зиёди истеҳсолиро дар ин самт доро буда, асосан лифтҳои  борбардорӣ, боркашонӣ барои хонаҳои баландошёна ва  барои беморхонаю коттеҷҳо бо зиёда аз 180 моделро истеҳсол менамояд. Иқтидори борбардорию боркашонии лифтҳо аз 100 кило то 6 ҳазору 300 кило мебошад.

Дар ин ширкат инчунин лифтҳо барои шахсони маъюб, эскалатору траволаторҳо, борбардорҳои сохтмонӣ ва резакунакҳо (молчерҳо), молҳои сермасриф истеҳсол карда мешаванд. Ширкат омода аст, ки дилхоҳ шакли ҳамкориро қабул намояд.

Раиси шаҳри Хуҷанд омодагии мақомоти шаҳрдориро ҷиҳати ба роҳ мондани корхонаи муштараки васлу насб ва истеҳсоли лифтҳо изҳор дошта, таъкид намуд, ки он имкон медиҳад талаботи сокинони аҳолии хонаҳои баландошёна ва идораву корхонаҳо таъмин гардад. Ҷонибҳо ҳамзамон барои қонеъ намудани талаботи дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ сайъ менамоянд.

Сипас, намояндагони ширкати беларусии «Могилевлифтмаш» бо имконоти майдони истеҳсолии «Хуҷандторгмаш» аз наздик шинос шуда, бо роҳбарияти он доир ба иқтидори корхона ва дастгоҳу таҷҳизоти он суҳбати озоду ошкоро намуданд.

АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Январь 25, 2022 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад
Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи саноат тақвият медиҳанд