Дар Истаравшан корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 13.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. ҶДММ «Шарафи рӯз» дар шаҳри Истаравшан муҷаҳҳазсозии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмониро идома дода, бо ин мақсад аз Ҷумҳурии Мардумии Чин таҷҳизоти замонавӣ бо маблағи 3,7 миллион сомонӣ харидорӣ гардидааст. Корхона дар як сол метавонад 430 000 кг ашёи хоми кимиёвиро, ки аз хориҷ ворид карда мешавад, коркард намуда, 12 намуд маҳсулот истеҳсол намояд. Тибқи нақша, дар марҳилаи аввал то 60 нафар ва бо татбиқи муваффақонаи лоиҳа то 200 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд, хабар дод корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар».
12 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дода, аз ҶДММ «Шарафи рӯз» боздид кард ва бо ҷараёни муҷаҳҳазсозии ин корхонаи истеҳсолӣ шинос гардид.
Раиси вилоят барои иҷрои корҳо ва амалисозии пурраи лоиҳа ба роҳбарияти шаҳр ва масъулин супоришҳо дода, зикр намуд, ки барои амалисозии ҳадафи стратегӣ — саноатикунонии мамлакат бояд аз тамоми имконият истифода бурда шавад.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати рушди соҳаи саноат, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби баистифодадиҳии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Бо назардошти Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 ташкили боз як корхона дар ин самт саривақтӣ буда, ба рушди соҳаи саноат мусоидат менамояд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар Истаравшан 50 корхонаи калону хурди истеҳсолӣ фаъолият мебаранд. Соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр ба 577 880,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
АКСҲО: хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд






