Дар Кӯлоб бахшида ба ҷашни Сада кишоварзони фаъол қадрдонӣ гардиданд

Январь 26, 2022 09:15

ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 январ дар шаҳри Кӯлоб  ҷашни  Садаро бо тантана таҷлил намуданд. Ҷашни бостонии Сада аз намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби бонувони чирадаст омода шудаанд, инчунин  дастовардҳои кишоварзии ҷамоату деҳоти шаҳр, устодону донишҷӯёни муассисаҳои оливу миёнаи таълимӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб оғоз гардид, хабар доданд ба АМИТ  «Ховар» аз бахши матбуоти мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Намоиши дастовардҳои кишоварзон бозгӯи он буд, ки деҳқонони шаҳру ноҳияи Кӯлоб соли 2021 ҳосили фаровон бардошта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ аз мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд.

Бахшида ба ҷашни Сада як гурӯҳ кормандону мутахассисони фаъоли соҳаи кишоварзӣ, ҷамоату деҳот, масъулин ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри  Кӯлоб бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.

Дар соли сипаришуда заҳматкашони шаҳри Кӯлоб ба андозаи 663,5 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли пеш 16,4 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аз шаҳр зиёда аз ҳазор тонна маҳсулот, аз ҷумла, 955 тонна сабзавот, 81 тонна меваҷот ва 21 тонна дигар намуди маҳсулот ба хориҷи мамлакат содирот шудааст.

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода сокинони шаҳрро ба муносибати ҷашни Сада табрик гуфта, барояшон рӯзгори хушу пурбаракат таманно намуд ва барои дар сатҳи баланд омода намудани намоишгоҳ ба онҳо изҳори сипос намуд.

Мавсуф зикр  намуд, ки «бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар мардуми Тоҷикистон аз ҷумла, сокинони Хатлонзамин ин ҷашни бостониро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии хеш дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд».

Зикр гардид, ки ба муносибати иди Сада, ки ифодагари ҷовидонагии Хуршед, рамзи бедоршавии табиат, намоди оташу гармӣ, нур ва некӣ, оғози кишту кор ва мафҳуми аз сардӣ ба гармӣ расиданро дорад, барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ярмаркаи фурӯши гулу ниҳолҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин чорабиниҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иброз дошт,   ки мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб  дар қатори дигар сокинони сарбаланди кишвар, ки табиатан ба некиву покӣ ва гармиву рӯшноӣ майл доранд,  ҷашни Садаро бо хушиву хурсандӣ истиқбол гирифта, чун ниёгони  хушсалиқаамон аз имрӯз шурӯъ карда, ба мавсими  кишту кори баҳорӣ омодагӣ мегиранд.

Барномаи идона бо ҳунарнамоии   аҳли фарҳангу санъати шаҳр ва вилояти Хатлон ба охир расид.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Январь 26, 2022 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад