Дар Кӯлоб доир ба тавзеҳи Паёми Пешвои миллат мулоқот доир гардид

Январь 31, 2022 12:21

КӮЛОБ, 31.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда ба истифода дода шуд. Ин нукта зимни мулоқоти намояндагони мақомоти иҷроияи  ҳокимияти далатии шаҳри Кӯлоб ва кормандони соҳаи маориф вобаста ба тавзеҳи Паёми   Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар муассисаи  таҳсилоти умумии  №37-и шаҳри Кӯлоб доир шуд, иброз гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар вохӯрӣ омӯзгорон ва падару модарон иштирок намуда, бори дигар аз моҳияти Паёми навбатӣ баҳраманд шуданд. Директори муассиса  Маърифат Қурбонова  афзуд, ки бо дастгирии Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон муассисаи мазкур  соли 2016  ба таври замонавӣ барои 624 хонанда сохта шуда, дар он шароити хуб фароҳам оварда шудааст.  Дар муассиса 630 хонанда ба илм фаро гирифта шуда, 46 нафар омӯзгор ба хонандагон дарс меомӯзанд. Натиҷаи заҳмати омӯзгорон буд, ки соли 2021  4 нафар хонанда аз фанҳои биологияю география ва соли 2022  аз фанҳои ҳуқуқ ва биология дар озмунҳои фаннӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд ва кӯшиш доранд ба даври вилоятӣ роҳхат гиранд.

Ҳоло шароити муассиса хуб ба роҳ монда шуда, хонандагон бо мизу курсӣ ва компютер таъмин мебошанд. Маъмурияти муассиса  баҳри баланд бардоштани сифату таълиму тарбия кӯшиш ба харҷ  дода, нақша дорад дар соли 2022 низ хонандагони муассисаҳои таълимӣ  дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷои ифтихорӣ гарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2022 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад