Дар Маҷлиси намояндагон барои баланд бардоштани огоҳӣ оид ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ машварат доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилони ин мақоми олии қонунбарор дар доираи татбиқи ташаббуси «Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон» ва Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баланд бардоштани огоҳӣ ва ҳассосияти ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ оид ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ дар раванди таҳияи қонунгузорӣ ва муқаррарот оид ба баробарии гендерӣ ва вокуниш ба зӯроварӣ» машварат баргузор гардид.
Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазозода роҷеъ ба мавзӯи «Мафҳум ва мазмуни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Муқоисаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ» ва мушовири Кумитаи кор бо занон ва оила Марҳабо Олимӣ дар мавзӯи «Ҳамкории байниидоравӣ ҳамчун асоси маҷмӯи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар муносибатҳои оилавӣ: вазъ, ҳолат ва дурнамо», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030-санади дурнамои кишвар дар самти тақвияти ҳуқуқҳои занон» сухан гуфтанд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки мақсади чунин чорабиниҳо- аз байн бурдани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон мебошад.
Аз ҷумла, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 бо мақсади пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи милитсия», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба пешгирии зӯроварӣ дар оила равона гардидаанд, таҳия шудааст.
Мақсади стратегии ҳамкории тарафайн дар самти иҷрои барномаи мазкур ба таъмини татбиқи самараноки механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила бо иштироки ҳамаи субъектҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа, қатъиян беҳтар гардонидани системаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи воқеии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи меъёрҳои конститутсионӣ, таъмини пойдории оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ дар онҳо нигаронида шудааст.
Барномаи мазкур баробарҳуқуқии мардону занонро дар ҳалли масоили оилавӣ, сарфи назар аз миллату нажод, ҷинс, забон ва эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, муҳофизат ва ҳавасманд кардани модарон, ғамхорӣ нисбат ба тарбияи фарзандон, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, манъи бисёрникоҳӣ, ихтиёрӣ будани ақди никоҳ ва бекор намудани он, масъулияти мутақобила дар масъалаҳои амволию маънавӣ ва ғамхории ҳамдигарии аъзои оиларо таъмин менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва иқдом намудан дар роҳи барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд кӯшишҳои худро барои пешбарии рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳо тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати пайгирона, аз ҷумла дар самти сиёсати гендерӣ мунтазам тақвият мебахшад.
АКСҲО: МНМО ҶТ








Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид






