Дар Маҷлиси намояндагон барои баланд бардоштани огоҳӣ оид ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ машварат доир шуд

Январь 28, 2022 11:58

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакилони ин мақоми олии қонунбарор дар доираи татбиқи ташаббуси «Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон» ва Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баланд бардоштани огоҳӣ ва ҳассосияти ҷонибҳои манфиатдори маҳаллӣ оид ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ дар раванди таҳияи қонунгузорӣ ва муқаррарот оид ба баробарии гендерӣ ва вокуниш ба зӯроварӣ» машварат баргузор гардид.

Дар назди иштирокчиёни ҳамоиш раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон  Ҷамшед Муртазозода роҷеъ ба мавзӯи «Мафҳум ва мазмуни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Муқоисаи қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои байналмилалӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ» ва мушовири Кумитаи кор бо занон ва оила  Марҳабо Олимӣ дар мавзӯи «Ҳамкории байниидоравӣ ҳамчун асоси маҷмӯи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар муносибатҳои оилавӣ: вазъ, ҳолат ва дурнамо», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030-санади дурнамои кишвар дар самти тақвияти ҳуқуқҳои занон» сухан гуфтанд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки мақсади чунин чорабиниҳо- аз байн бурдани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон мебошад.

Аз ҷумла, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023  бо мақсади пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи милитсия», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба пешгирии зӯроварӣ дар оила равона гардидаанд, таҳия шудааст.

Мақсади стратегии ҳамкории тарафайн дар самти иҷрои барномаи мазкур ба таъмини татбиқи самараноки механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила бо иштироки ҳамаи субъектҳои давлатӣ ва аҳли ҷомеа, қатъиян беҳтар гардонидани системаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи воқеии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи меъёрҳои конститутсионӣ, таъмини пойдории оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ дар онҳо нигаронида шудааст.

Барномаи мазкур баробарҳуқуқии мардону занонро дар ҳалли масоили оилавӣ, сарфи назар аз миллату нажод, ҷинс, забон ва эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, муҳофизат ва ҳавасманд кардани модарон, ғамхорӣ нисбат ба тарбияи фарзандон, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, манъи бисёрникоҳӣ, ихтиёрӣ будани ақди никоҳ ва бекор намудани он, масъулияти мутақобила  дар масъалаҳои амволию маънавӣ ва ғамхории ҳамдигарии аъзои оиларо таъмин менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва иқдом намудан дар роҳи барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд кӯшишҳои худро барои пешбарии рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳо тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати пайгирона, аз ҷумла дар самти сиёсати гендерӣ мунтазам тақвият мебахшад.

АКСҲО: МНМО ҶТ

Январь 28, 2022 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар Санкт-Петербург баррасӣ гардид
Равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҳиндустон густариш меёбад
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Анҷумани X парлумонии БРИКС дар шаҳри Санкт Петербург иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок менамояд
Дар Маҷлиси намояндагон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» доир гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуд
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок дорад
Дар Душанбе робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — МАКТАБИ БУЗУРГИ ВАТАНДОРӢ. Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд