Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород бунёд мешавад

Январь 26, 2022 15:35

ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои таъмиру навсозии шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози занони ҳомила ва сохтмони коргоҳи истеҳсоли кислород дар Беморхонаи марказии ноҳия идома доранд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад.

Шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳия бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таъмиру навсозӣ шуда истодааст.

Шуъбаи амрози занони ҳомила аз 5 ҳуҷра ва 15 кати табобатӣ иборат буда, дар тӯли фаъолият бори аввал аст, ки таъмиру навсозӣ мешавад. Соҳибкорони маҳаллӣ иқдом гирифтаанд, ки дару тирезаҳои шуъбаи мазкурро ба дару тирезаҳои пластикӣ иваз намуда, ҳуҷраҳои табобатии онро рангу бор намоянд.

Дар назди Беморхонаи марказии ноҳия коргоҳи истеҳсоли кислород бунёд карда мешавад, зеро дар авҷи гирудорҳои пандемия норосоии кислород дар беморхона мушкилиҳои зиёде ба вуҷуд оварда буд. Ҳоло бо дастгирии мақомоти иҷроия сохтмони ин коргоҳ оғоз гардида, таҳкурсии бино гузошта шудааст.

Коргоҳи мазкур ба 18 нуқтаи кислородтаъминкунии шуъбаҳои амалиёт, эҳё ва таваллудхона, инчунин дигар муассисаҳои табобатии ҷамоату шаҳракҳои деҳот нигаронида шудааст. Баробари бунёди ин коргоҳ мушкилоти норасоии кислород дар ноҳия аз байн хоҳад рафт.

Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ соли 1964 бунёд гардида, дорои 275 кати табобатӣ ва 12 шуъбаи муоинавию муолиҷавӣ мебошад.

 АКС: МИҲД-и в. Суғд

Январь 26, 2022 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд