Дар ноҳияи Шуғнон бунгоҳҳои саломатӣ ва толори варзишӣ сохта мешаванд

Январь 26, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2022 дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон дар доираи «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ду бунгоҳи саломатӣ ва толори варзишӣ бунёд карда мешаванд, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба АМИТ «Ховар».

Иқдоми мазкур 26 январ зимни мулоқоти раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода бо масъулини «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ – иқтисодӣ», ки бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон татбиқ мешавад, гирифта шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо нақшаи лоиҳаҳои соли 2022 тавассути лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Шуғнон амалишавандаро баррасӣ намуданд.

Ба минтақаи лоиҳавӣ ҷамоатҳои деҳоти Ванқалъа, Вер, Навобод, Сучон, М.Ширинҷонов, Поршинев ва Ғ.Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон шомил мебошанд.

Мақсади асосии лоиҳаи зикргардида аз мусоидат намудан ҷиҳати иштироки фаъоли аҳолӣ дар худидоракунии маҳаллӣ баҳри беҳтар гардонидани сифати инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷамоатҳои мақсаднок, васеъ намудани доираи имконият ва сарчашмаҳои воситаҳо барои зиндагии ҷавонон иборат мебошад.

 АКС: МИҲД-и н. Шуғнон

Январь 26, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад