Дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаҳои экологӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст

Январь 18, 2022 10:31

ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 98 дарсади неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи  энергия, яъне асосан бо истифода аз неруи об истеҳсол гардида, аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар ҷойи шашум қарор дорад. Чунин зикр гардид зимни тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ҷаласае, ки дар Раёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе  доир гардид.

Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа иброз гардид, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Парлумони мамлакат ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти вазъи экологӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст. Ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе»  пазируфта шудааст, далели ин гуфтаҳост. Инчунин  Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ амалӣ шуда истодааст.

Иштирокорони ҷаласа зикр намуданд, ки тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти дигари экологӣ буда, зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилии  замони муосир мавриди  таваҷҷуҳи хос қарор гирифтааст. Ҳамчунон дар Паём зикр гардид, ки тақрибан сеяки умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст.

Дар ҷаласа зимни тавзеҳи Паёми Пешвои миллат  гуфта шуд, ки дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷик тавонистанд дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир бо меҳнати содиқона ва ҳисси баланди миллӣ ватанро ободу зебо ва сарсабзу шукуфон намоянд. Аз ҷумла, дар ин давра дар пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе корҳои сохтмонӣ, ободонӣ, бунёдкорӣ, сабзазоркунӣ рушд ёфта,  вазъи экологии пойтахт ба маротиб беҳтар гардид, ки ин дастовардҳо бозгӯи сиёсати муваффақонаи Пешвои миллатамон мебошанд.

Дар ҷаласа гуфта шуд, ки дар доираи амалишавии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия гашта, корҳо дар ин самт тақвият меёбанд.

    АКСҲО аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Январь 18, 2022 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд